Википедияи Тоҷикӣ
Википедияи Тоҷикӣ (форсӣ: ویکیپدیای تاجیکی, лот. Vikipediai Tojikī) — бахше аз донишномаи интернетии Википедия ба забони тоҷикӣ, ки монанди дигар бахшҳои забонӣ ройгон ва озодона вироиш мешавад. Дар таърихи 27 январи соли 2004 таъсис шуд. ТаърихДонишномаи Википедияи Тоҷикӣ 27 январи соли 2004 таъсис шудааст. Дар моҳи декабри соли 2006 шумораи мақолаҳо 3 500, корбарон 200 тан ва мудирон 2 танро буд. 11 августи соли 2011 Википедияи Тоҷикӣ дорои 9 373 мақола (дар ҷойи 78) буд. Дар 19 майи соли 2012 шумораи мақолаҳои он аз 10 000 гузашт ва дар радаи яксаду даҳуми Википедияҳо қарор гирифт. Дар таърихи 17 декабри соли 2015 шумораи мақолаҳои Википедияи Тоҷикӣ аз марзи 40 000 гузашт ва 20 декабри соли 2019 корбарони Википедияи Тоҷикӣ шумораи 100 000 мақоларо убур карданд.[1] Википедияи Тоҷикӣ дар байни википедияҳои забонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи сеюм, баъд аз Википедияҳои қазоқӣ ва узбакӣ қарор гирифтааст. Омори эҷодОмори эҷоди корбарон нисбати таълифи мақолаҳо, шаблонҳои нав вироиши мақолаҳои гуногуни Википедия пайваста меафзояд. Омори Википедияи Тоҷикӣ барои имрӯз чунин аст:
Омори Википедияи Тоҷикӣ дар замонҳои мухталиф
Нақди Википедияи ТоҷикӣДар моҳи октябри соли 2017 дар сомонаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳиномаи кумита нисбат ба вироишгарони муҳтавои Википедияи Тоҷикӣ пешниҳод шуд, ки «тамоми ғалатҳои имлои забони тоҷикии сомона бояд ислоҳ карда шаванд.»[3][4][5][6][7] Иброҳим Рустамов, яке аз бунёнгузорон ва муҳаррири нахустини Википедияи Тоҷикӣ ки ҳоло дар ИМА зиндагӣ мекунад, бащори соли 2024 дар як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ аз ҳолати имрӯзаи Википедияи Тоҷикӣ норозӣ буданашро гуфтааст. Ба андешаи ӯ, ин донишнома бештар ба зиндагинома табдил шуда ва дар баъзе аз саҳифаҳо дидгоҳи бетараф риоя нашудааст[8]: «Бояд бештар мақолаҳои илмӣ эҷод кунем. Википедия донишномаи озод аст ва он бояд ба донишнома мубаддал шавад. Мутаассифона, саҳифаҳое ҳастанд, ки дар масъалаҳои таърихӣ ва сиёсӣ якҷониба навишта шудаанд. Назари тарафи дуюм нест. Ягон сиёсатмадорро бисёр бад тасвир кардаанд, ба сабаби ки ба сиёсати имрӯзаи ин ё он кишвар ҷавобгӯ нест.» Википедияи Тоҷикӣ ва ТоҷикистонПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба кори викинависони тоҷик зимни суханронӣ дар мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар дар 20 марти соли 2014[9] гуфт:
Гурӯҳи корбарии Викимедиянҳои ТоҷикДар авохири соли 2022 викинависони тоҷик «Гурӯҳи корбарии Викимедиянҳои Тоҷик» (англ. Tajik Wikimedians User Group)-ро созмон доданд[10] ва ҳамзамон барои баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои марбут ба Википедияи Тоҷикӣ гурӯҳи телеграмии худро боз намуданд[11]. Барои ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи саҳифаҳои Википедияи Тоҷикӣ дар шабакаи иҷтимоъии Фейсбук гурӯҳе бо ҳадафи шиносоӣ ба намунаҳои мақолоти донишнома ва навгониҳои оморӣ барои хонандагон дастрас аст[12]. ҶаласаҳоҶаласа дар Донишгоҳи миллии ТоҷикистонГурӯҳи корбарии Викимедиянҳои Тоҷик 20 декабри соли 2023 бо пуштибонии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласае дар мавзӯъи «Тарғиби арзишҳои миллӣ ва рушди Тоҷикистон дар донишномаи Википедия» бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор кард ва дар ин ҷаласа мудирони Википедияи Тоҷикӣ Дӯстмурод Саид ва Муҳаммад Ҳайдарзода, мудири Википедиёи Форсӣ Муҳсини Солик ва яке аз мудирони пешинаи Википедияи Русӣ Анастасия Лвова сухан гуфтанд[13]. 20-умин солгарди Википедияи Тоҷикӣ27 январи соли 2024 дар толори ҳамоиши меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе маросими 20-умин солгарди Википедияи Тоҷикӣ дар як мизи гирде бо ибтикори «Гурӯҳи корбарии Викимедиянҳои Тоҷик» ва ширкати фанноварию иттилоотии «Navju Tech» бо пуштибонии созмони Good Neighbors Tajikistan, ширкати Softclub, ширкати фанноварии Livo, ширкати мобилии «O Mobile» ва бо иштироки викинависон, кормандони муассисоту донишгоҳҳо, блогерон ва намояндагони расонаҳои хабарӣ баргузор шуд[14][15]. Эзоҳ
Пайвандҳо
|