Таърихчаи мухтасари замон
«Таърихчаи мухтасари замон: Аз инфиҷори бузург то сиёҳчолаҳо» (англ. A Brief History of Time: From the Big Bang to Black Holes) — китоб дар заминаи кайҳоншиносии назарӣ навиштаи физикдони инглис Стивен Ҳокинг[2]. Ин китоб барои аввалин бор дар соли 1988 мунташир шуд. Ҳокинг ин китобро барои хонандагоне навишт, ки ҳеч дониши қаблӣ дар бораи физик надоштанд ва афроде, ки алоқаманд ба ёдгирии чизҳои ҷадид дар мавриди мавзӯъоти ҷолиб ҳастанд. Ин китоб бо фурӯши болое ҳамроҳ буд ва беш аз 25 миллиюн нусха фурӯхта шуд[3]. Ин китоб ба унвони прхонандатарин китоби кайҳоншиносӣ шуҳрат ёфтааст ва ба беш аз 33 забони зиндаи дунё то соли 1993, тарҷума ва чоп шудааст. Ҳокинг дар ин китоб бо забоне сода ба бозгӯии достони ҷаҳон пардохтааст. Ӯ дар мавриди мафоҳими асосӣ монанди фазо ва замон, блокҳои асосии сохторӣ, ки ҷаҳонро ташкил медиҳад (монанди кворкҳо) ва нерӯҳои асосии ҳоким бар он (монанди гирониш) гуфтугӯ мекунад. Ӯ дар мавриди падидаҳои кайҳоншинохтӣ монанди таркиши бузург ва сиёҳчолаҳо низ менависад. Дар саду ҳаштоду чаҳорумин ҳафтаи чопи он, ба далели тӯлонитарин ҳузур дар феҳристи пурфурӯштарин китобҳои нашрияи The Sunday Times, дар китоби рекордҳои Гиннесс сабт шудааст. Ҳамчунин ин китоб дар бисёре аз сайтҳои илмӣ ба унвони маҳбубтарин китоби илмии ҷаҳон шинохта шудааст. Бар асоси оморҳои мухталиф низ ин китоб дар байни прфурӯштарин китобҳои илмии таърих дар рутбаи чаҳордаҳ қарор гирифтааст дар ҳоле, ки рутба нахуст дар ихтиёри китоби «Хостгоҳи гунаҳо»-и Чарлз Дарвин аст. Эзоҳ
|